МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Нуробод

  • Posted on:  Душанбе, 04 Ноябри 2019 16:59
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Бахшида ба таъсисёбии «Рӯзи милитсия» дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод полковники милитсия Фидозода М. К. ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни оғоз бахшида, оиди фаъолияти милитсияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо маърӯза баромад кард.

Сипас раиси ноҳия Ҳ. Дӯстзода кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба Иди касбиашон шодбош гуфта, саҳми онҳоро дар ҳифзи тартибот ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар ноҳия арзанда номид.

Кормандони милитсияро раиси суди ноҳия Зуҳурзод Н. Ҳ., прокурори ноҳия Сафарзода Б. М.,раиси собиқадорони ҷангу меҳнат М. Собиров, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Нури Нуробод» Мавҷуд Саттор, ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод намуданд.

Дар ҷамъомад, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ШВКД-и ноҳия ба як зумра собиқадорон, кормандони фаъоли ШВКД-и ноҳия ва оилаҳое, ки саробон ё фарзандонашон ҳангоми барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 Дар фарҷом, бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ хотири ҳомиёни Ватанро болида намуданд.

                                                                                                                                                                                    

Хондан 123 times Тағйироти охирон: Сешанбе, 05 Ноябри 2019 17:53

Шарикон