МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Аҳли зиёи вилояти Хатлон меҳмони ноҳияи Нуробод

  • Posted on:  Якшанбе , 20 Октябри 2019 17:09
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар доираи сиёсати фарҳангпарварона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи ҳунарӣ- телевизионии “Сайри Рашт” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” ва таҳкими дӯстиву рафоқати байни минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар ноҳияи Нуробод доир гардид.

Сайри ҳайати меҳмонон, аз чойхонаи “Таги чанор”и ҷамоати деҳоти Комсомолобод оғоз ёфта, ҳайати меҳмонон, шоиру нависандагон, рӯзноманигорон ва ҳунармандон иборат буданд аз ҷойҳои зебоманзари ноҳия дидан намуданд.

Вохӯрии ҷамъбастии иштирокдорони Барномаи “Сайри Рашт” дар МТМУ-и №14-и шаҳраки Дарбанд доир гашт, ки дар он Раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли зиёи ноҳия ширкат намуданд.

Раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам намуда, баргузории чунин чорабинии фарҳангиро дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстиву бародарии минтақаи тоҷикон номид.

Аз ҷумлаи меҳмонон Абдулмаҷид Маҷидов Сармуҳаррири нашрияи ноҳиявии “Гулистон”-и ноҳияи Фархор, адибон Абдулмаҷид Давлатов, Эргаш Хоргашов, Раҷабалӣ Ҷамилов, рӯзноманигор Сайдаҳмад Исмоилов, муҳаррири ТВ Хатлон, Шералӣ Саидов ба сухан баромада, оиди сулҳу оромии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси пешравиҳо дар ҳамаи самтҳо гаштааст ва дӯстиву хешовандии минтақаҳои кишвар суҳбатҳо намуданд.

Меҳмононро шоири ваҳдатсаро Ҷумъа Кувват, шоири диёр Мусофир Ҳафизӣ ва сармуҳаррири нашрияи ноҳиявии “Нури Нуробод” Мавҷуд Саттор ба ноҳия хайрамақдам намуданд.

Ҳунармандони фарҳанги ноҳияҳои Фархор ва Нуробод дар якҷоягӣ ба Барномаи ҳунарӣ- телевизионии “Сайри Рашт” шукӯҳи хосса бахшиданд.

Дар охир меҳмонон бо тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод қадрдонӣ шуданд.

Хондан 132 times Тағйироти охирон: Душанбе, 21 Октябри 2019 17:14

Шарикон