МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти нуҳмоҳа

  • Posted on:  Сешанбе, 15 Октябри 2019 16:03
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2019 баргузор гардид.

Муовини якуми раиси ноҳия Давлатзода Мирзоумар Кенҷа баромад намуда, оиди ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2019 ҳисобот дод. Дар маҷмӯъ натиҷаҳо қаноатбахш буда, комёбиҳо дар ҳама бахшҳо назаррас арзёбӣ гардид.

Раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир дар баромади таҳлилии худ масъулинро вазифадор намуд, ки барои баҳри ислоҳу бартараф намудани камбудиҳои дар нуҳмоҳа ҷой дошта чораву тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусоев Нусратулло иштирок ва суханронӣ намуд.

Сипас, бо иштироки Раиси ноҳия Ҳ. Дӯстзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якзумра иншоотҳо, аз ҷумла сехи қаннодӣ дар шаҳраки Дарбанд, сохтмони пули мошингузар ва таҷдиди роҳ дар деҳаи Юсти деҳоти Иззатулло Ҳалимов ва толори варзишӣ дар деҳаи Тегирмии деҳоти Комсомолобод мавриди баҳравардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти мазкур аз ҷониби шаҳрвандон ва соҳибкорон сохта шуданд.

Хондан 167 times Тағйироти охирон: Панҷшанбе, 17 Октябри 2019 16:18

Шарикон