МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ

  • Posted on:  Сешанбе, 10 Сентябри 2019 17:35
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Ба муносибати ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод бо иштироки вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир ва мутасаддиёну сокинон як зумра иншоот ба истифода супорида шуд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №79 дорои 5- синфхона воқеъ дар дар деҳаи Сариҷуйи И. Ҳалимов, муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дар деҳаи Хуфаки деҳоти Хумдон, ошхона дар маҳаллаи 1-уми шаҳраки Дарбанд, дигаргунсозии бинои марказии хизматрасонӣ дар кӯчаи марказии шаҳраки Дарбанд, биноҳои фурӯши меваю сабзавот, сехи коркарди дару тирезаҳои чубӣ, сехи истеҳсоли хишти сементӣ дар деҳаи Улфатободи деҳоти Сафедчашма ва ХИБ 110 кВ дар соҳилҳои чап ва рости обанбор мавриди истифода қарор дода шуданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳия аз сифати баланди иншоотҳо изҳори хушнудӣ намуда, ин ҳама ободиву созандагиҳоро маҳсули Ваҳдату Истиқлоли кишвар арзёбӣ намуда, мардумро барои боз ҳам ободу зебо намудани диёру кишвари азиз даъват намуданд.

Дар маҷмӯъ аз 248 адад иншооти дар нақшабудаи ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 120 адад иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 128 адади дигар корҳои сохтмонию васлгарӣ идома дорад

 

Хондан 31 times Тағйироти охирон: Чоршанбе, 11 Сентябри 2019 17:38

Шарикон