МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Таҷлили ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия

  • Posted on:  Ҷумъа, 06 Сентябри 2019 17:21
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Имрӯз дар ноҳияи Нуробод 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Меҳнаткашони ноҳия маҳсули дастовардҳои хешро дар замони соҳибистиқлолӣ ба намоиш пешниҳод намуданд. Раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ аз дастранҷӣ меҳнаткашони ноҳия дидан намуданд.

Сипас, маҷлиси тантанавӣ дар майдони назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардида, раиси ноҳия аз рушду нумӯи ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфта, сокинони ноҳияро ба ин ҷашни тақдирсози миллат табрик намуд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди 28 соли соҳибистиқлолиро дар кишвар ба ширкаткунандагони маҷлис расонида, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро ба ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Дар анҷом ба як қатор фаъолони ноҳия ифтихорнома ва сипосномаи раиси ноҳия тақдим гардид.

Пас аз анҷоми маҷлиси тантанавӣ намоиши театрикунонидашудаи бахши фарҳанги ноҳия пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Хондан 47 times Тағйироти охирон: Ҷумъа, 06 Сентябри 2019 18:18

Шарикон