МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

ҲАМОИШИ СУДМАНД

  • Posted on:  Якшанбе , 04 Агусти 2019 09:40
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Тибқи нақша-чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оила дар ҳамбастагӣ бо бахши ҷавонон ва варзиш дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки фаъолони касбу кори гуногун ҷиҳати амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” аз 3 майи соли 2014, №249 мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳаёт бе зӯроварӣ зебост” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, дастгирӣ намудани шахсони дучорӣ зӯроварӣ гардида, тарбияи фарзандони оилаҳои дучори зӯроварӣ гардида, аз рафти фаъолияти марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон ва роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ибрози назар карда шуд.

Мақсад аз баргузории мизи мудаввар ба ҷабрдидагони хушунат ва зӯроварӣ хизматҳои иҷтимоӣ пешниҳод гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо, махсусан оид ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда тадбирҳо бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи оила, ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлат оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар рафти баргузории ҳамоиши имрӯза шуъбаву бахшҳои марбутта ва иштирокчиёни ҳамоиш тасмим гирифтанд, ки як зумра чорабиниҳои иттилоотӣ ва пахши видеороликҳоро дар миёни сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба роҳ монанд.

Хондан 65 times Тағйироти охирон: Сешанбе, 06 Агусти 2019 09:43

Шарикон