МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Масъулият- рафъи мушкилӣ

  • Posted on:  Ҷумъа, 02 Агусти 2019 11:32
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар низоми муайян будани ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузорӣ дар оила яке аз масъалаи муҳим ва асосӣ ба шумор меравад.

Ҳуҷҷат- муаррифгари шахс буда, барои ҳар як нафар сари вақт гирифтани он аз бахшҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ зарур ва ҳатмист.

Тибқи бобби 1, моддаи 1-и Қонуни Xумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ » (Ахбори Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №4, моддаи 201; соли 2018, №12, қисми 2, модаи 1017, соли 2009, №3, моддаи, 89; соли 2011, № 711), Муносибатҳое, ки бо қонуни мазкур танзим мегардонад, инҳо мебошанд:

Тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ , тартиби тағйир додан, ислоҳ, барқарор ва бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ , тартиби ташкил намудани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ , тартиб ва муҳлати нигоҳ доштани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (китобҳои аснод) ва вазъи ҳуқуқии мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлати мегиранд.

Ҳамчунин тибқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ », бояд волидайн барои бақайдгирии таваллуди кӯдак аризаи хатти пешниҳод намоянд.

Ариза на бояд дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод гардад. Агар дар чунин ҳолат, яъне сари вақт аризаи волидайн ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод нагардад мувофиқи қисми 5- моддаи 18-и ҳамин қонун бо тартиби муқарраршудаи қонунгузории Xумҳурии Тоҷикистон падару модар ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Барои рух надодани чунин ҳолатҳо, ки боиси мушкилии кор дар бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мегардад ва хароҷотҳои зиёдатии волидайн пеш наоянд, шаҳодатномаи таваллуди кӯдакро дар муҳлати муайян мебояд гирифт.

Дар шаш моҳи соли 2019 дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия 441 адад шаҳодатномаи барқароркунии таваллуд дода шудааст, ки аз ин 63 тоаш аз 16- сола боло мебошанд. Барои гирифтани чунин шаҳодатномаҳо ҳуҷҷатҳои иловагӣ лозим меоянд, ки ин ҳама ба иқтисодиёти оила бетаъсир намемонад ва иҷрои зиёди корҳоро талаб менамояд.

Аз ин хотир падару модарони азизро зарур аст, масъулияти бештарро дар гирифтани шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ва ҳуҷҷатҳои давравии онҳо дошта бошанд, ва ҳар як ҳуҷҷати лозимаро сари вақт аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гиранд, то барои фарзанд мушкилӣ пеш наояд.

Масъулияти падару модар метавонад, мушкилиро рафъ кунад.

 

Неъматшо Музаффаров,

мудири бахши САҲШ-и ноҳия,

Хондан 72 times Тағйироти охирон: Шанбе, 03 Агусти 2019 11:37

Шарикон