МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Иттилоъ

  • Posted on:  Якшанбе , 14 Июли 2019 18:42
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати панҷум баргузор гардид.

Ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин гузошта шуда, мавриди муҳокимаи вакилони халқи ноҳия қарор гирифтанд:

1 Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттилоот ва воситаҳои ахбори омма.

2.Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар ноҳия.

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Туғчӣ, №2 Неъматова Гулрухсор шунида шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ноҳия, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия вакил аз ҳавзаи интихоботии Дарбанд №5 Музаффаров Эраҷ шунида шуд.

Масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои Раиси ноҳия” бо баррасӣ ва муҳокимаи вакилон қарори дахлдор қабул гардид.

Бо ҳамин иҷлосияи ҳаждаҳуми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати панҷум аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуда, кори худро анҷом дод.

Хондан 86 times Тағйироти охирон: Душанбе, 15 Июли 2019 18:51

Шарикон