МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

ҚАДАМИ ПЕШВО- ОМИЛИ ПЕШРАВИҲО

  • Posted on:  Шанбе, 06 Июли 2019 11:07
  • K2_WRITTEN_BY  Маҳмудов Зокирҷон

Ташрифи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат,  Президенти  Љумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи  Ҷашни  Ваҳдати миллӣ ба ноҳияи мо боиси ободкорӣ,  сарфарозӣ, ва хушбахтии мардуми ноҳия гардид.

Зеро дар ҳар  як сафари  Сарвари мамлакат ба ноҳияи Нуробод  дар ҳаёти мардуми ноҳия дигаргуниҳои бузург ба амал меоянд, ки баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум заминаи хуб фароҳам меорад.

Пешравињои ноњия бахсус,  маркази маъмурии он шаҳраки Дарбанд маҳз бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҷаноби Олӣ буда, шаҳрак ҳамқадами даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

         Имрӯз маркази нави ноҳия ба як шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст, ки ҷавобест ба гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ, ки ҳангоми сафари кориашон ба ноҳияи мо дар соли 2006  гуфта буданд:  “ Ман дар ин ҷо шаҳри дилорою зебои Дарбандро месозам. Шаҳрак не, шаҳр”. Ин боиси ифтихору сарбаландӣ ва шукргузории мо- мардуми ноҳия ва дар маҷмӯъ кишвари  азизамон Тоҷикистон аст,  ки чунин Сарвари ободкору ғамхор, меҳрубон ва дурандешу башардӯст дорем.

         Ба  шарофати ташрифи Пешвои миллат дар ноҳия якчанд иншоотҳо мавриди истифода қарор дода шуданд, ки онҳо ба ҳусни ноҳия ҳусни нав зам намудаанд. Ободкориву бунёлкорӣ аз азал хоси мардуми тоҷик буд.

         Хушбахтона, Тоҷикистони соҳибистиқлол  зери парчами ваҳдату дӯстӣ дар ҳоли рушд буда, маркази ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бо биноҳои замонавии баландошёна дили ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд ва ҳамчун шаҳри гулҳо ном баровардааст.

         Ҳамаи ин аз Ваҳдати миллӣ  ва аз сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо мардуми Тоҷикистон аз он ифтихор мекунем.

         Қадами мубораки Пешво боиси боз ҳам фаровонии неъматҳо, ободонӣ ва ҳосили баланди дастранҷи деҳқон мегардад.

          Чуноне шоир гуфтааст:

Решаи мо ҷовидон дар мазраи имон бувад,

Аз шуҷоатмандии Эмомалӣ Раҳмон бувад.

Неъмат Музаффаров,

мудири бахши САҲШ- и ноҳия

 

Хондан 101 times

Шарикон