МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Ифтитоҳи марҳилаи якум ва оғози корҳо дар марҳилаи дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод

  • Posted on:  Душанбе, 24 Июни 2019 18:04
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

24.06.2019 14:16, ноҳияи Нуробод

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт, дар ноҳияи Нуробод марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшиданд. 

Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи мазкур дар марҳилаи аввал бо дарозии 1,1 километр бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо назардошти стандартҳои ҷаҳонии роҳсозӣ анҷом дода шудааст. Паҳноии роҳ 15 метрро дар бар гирифта, бо хатҳои ҳаракати нақлиёт аз ду самт таъмин мебошад. Ҳамчунин роҳ бо 100 адад аломати огоҳкунанда таъмин шуда, барои убури пиёдагардон дар нуқтаҳои алоҳида мавзеъҳои пиёдагузар бунёд ёфтааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин дар масоҳати 5400 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард пурра сафолакпӯшӣ карда шуд. Дар ин масир барои истироҳати шаҳрвандон 10 адад нишастгоҳ насб шуда, ҷиҳати таъмини тозагӣ пиёдароҳа бо 10 қуттии партовпартоӣ низ таъмин мебошад. 

Роҳи марказии шаҳраки Дарбанд аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун” бунёд ёфта, корҳои сохтмонии он моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби 40 мутахассис оғоз ёфта буд. Дар ин давра корҳо аз рӯйи стандартҳои роҳсозӣ анҷом ёфта, мушкилоти аҳолии шаҳрак ва   гирду атрофро ҷиҳати  рафтуои бемамоният бартараф намуд.

Ҳамчунин роҳи навбунёд пурра чароғон карда шудааст. Дар шафати роҳ 80 адад симчӯби барқии равшанидиҳанда насб шуда, дар онҳо 160 чароғаки муосир барои таъмини рушноӣ васл гардидааст, ки он ҳусни кӯчаи марказии шаҳракро боз ҳам зеботар мекунад.

Пешвои муаззами миллат дар ин ҷо ба марҳилаи дуюми сохтмони роҳи марказии шаҳраки Дарбанд расман оғоз бахшиданд. Тибқи лоиҳа дар марҳилаи навбатӣ 1,2 километр роҳ бунёд гардида, он бо системаи равшанидиҳӣ, новаҳои обрав ва хати ҳаракати дусамта таъмин мегардад. Пиёдароҳаи шафати роҳ низ дар масоҳати 5444 метри мураббаъ сафолакпӯш карда мешавад.

Тавре иброз гардид, дар идомаи корҳои сохтмонии марҳилаи дуюм роҳ бо 76 адад симчӯби барқии равшанидиҳанда ва 152 чароғак таъмин хоҳад шуд. Тибқи нақша, дар иншооти мазкур наздик ба 50 адад аломати роҳ насб карда мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар марҳилаи аввали роҳи мазкур баҳои баланд дода, сохтмончиёнро вазифадор намуданд, ки дар марҳилаи навбатӣ низ корҳоро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонанд, то солиёни зиёд ба аҳолӣ хизмат намояд

Хондан 61 times Тағйироти охирон: Сешанбе, 25 Июни 2019 18:32

Шарикон