МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ноҳия

  • Posted on:  Панҷшанбе, 23 Майи 2019 10:59
  • K2_WRITTEN_BY  Маҳмудов Зокирҷон

Имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба хотири гироми дошти қадру манзалати ҷавонон «Ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон» дар сатҳи баланди омодагии сиёсию фарҳангӣ таҷлил гардида истодааст, ки ин аз баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самараи сулҳу Ваҳдат, ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақи ҷавонон башорат медиҳад.

Имрӯз бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷавонони фаъоли ноҳия ширкат намуданд.

Ҷамъомадро мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Хоҷаев Дилшод ифтитоҳ намуда, ҷавононро ба ин рӯзи хотирмон табрику шодбош гуфт ва аз комёбиҳои ба дастовардаи ҷавонони ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуд.

Сипас, аз зумраи ҷавонони ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндаи соҳаи тандурустӣ ҷавононро табрику таҳният намуданд.

Раиси ноҳия дар фарҷом, Дӯстзода Ҳ.Т бо суханони ибратомӯзи хеш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ба омӯхтани илму ҳунар, забондонӣ, аз худ намудани технологияи муосир, иштироки фаъолона дар корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии амалҳои номатлуб ва ҳидояти ҷавонону навравсон ба беҳтарин фазилатҳои инсонӣ сипарӣ намоянд.

Дар ин рӯз ба ҷавонони фаъол, ғолибони озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ифтихорнома, медалу тӯҳфаҳои ҳавасмандгардонӣ тақдим карда шуд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ хотирӣ ҷавононро болида намуданд.

Хондан 183 times Тағйироти охирон: Ҷумъа, 24 Майи 2019 11:16

Шарикон