МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Таҷлили Рӯзи оила дар ноҳия

  • Posted on:  Чоршанбе, 15 Майи 2019 18:37
  • K2_WRITTEN_BY  Маҳмудов З

Ба ифтихори Рӯзи оила дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳраки Дарбанд тантанаи идона баргузор гардид.

Муовини раиси ноҳия Солиҳзода Р. Р дар шахсияти ҳозирон аз номи раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода мардуми ноҳияро ба Рӯзи оила табрик гуфт.

Асоси ҷомеаи инсониро оила ташкил медиҳад ва пешрафти ҷомеа аз оилаи солим вобаста аст.

Агар мо хоҳем, ки фарзанд солим ба дунё ояду мақому манзалате дар зиндагӣ ва ҷомеа пайдо намояд, бояд дар оила меъёрҳои ахлоқи ҳамида риоя карда шавад.

Бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 сентябри соли 1993 15 май ҳамчун Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, Рӯзи оила аввалин маротиба соли 1994 таҷлил гардид, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя менамояд.

Ҳар шахс ҳуқуқи ташкил кардани оиларо дорад, мардон ва заноне, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд.

Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд, - омадааст дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кормандони фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ хотири ҳозиронро шод гардониданд.

Хондан 95 times Тағйироти охирон: Панҷшанбе, 16 Майи 2019 14:47

Шарикон