МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия

  • Posted on:  Панҷшанбе, 25 Апрел 2019 12:06
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимзода Идигул Тағо бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия баргузор гардид.

Ҳадаф аз ин вохӯриву мулоқотҳо ва бо сокинони ноҳия, омодагӣ ба ҷашни 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ тайёрии ҳамаҷониба ба ташрифи меҳмони олиқадр, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Гурӯҳи корӣ зимни сафарашон аз ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳия дидан намуда бо сокинон вохуриву мулоқотҳо баргузор намуданд.

Баромадкунандагон оиди дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии кишвар, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат тарғиби мардум ба корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

Дар анҷом раиси ноҳия Ҳ. Дӯстзода бо шукургузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату ҳукумат ба гуруҳи корӣ барои баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳои таъсирбахшу пурмуҳтаво, аз номи аҳли ноҳия изҳори сипосу минатдорӣ баён намуданд.

Хондан 192 times Тағйироти охирон: Панҷшанбе, 25 Апрел 2019 13:46

Шарикон