МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Амали хайру савоб

  • Posted on:  Ҷумъа, 12 Апрел 2019 07:05
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019- 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар қаламрави ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза касб намуда истодааст.

Сокини деҳаи Тегирмии ҷамоати деҳоти Комсомолобод Шеров Эмомалӣ иқдом пеш гирифтааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои сафари ҳаҷ ҷамънамудааш барои ҳамдеҳагони худ як пули мошингузар сохта ба истифода қарор диҳад.

Дар оғози маросими сохмони иншооти мазкур Раиси ноҳия муҳтарам Дӯстзода Ҳасан Тағдир ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат варзида, ин ташаббуси наҷибро нишонаи ватандӯстиву саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ арзёбӣ намудаанд.

Бо иштироки васеъи сокинони деҳа пойдевори ин иншоот ба тариқи ҳашар сохта шуда, ҳамдеҳагони Шеров Эмомалӣ дар ин кори хайру савоб якдилона сахмгузорӣ намуда истодаанд.

Боиси хурсандист, ки бо саҳми сокинони ин деҳа сохтмони толори варзишӣ ва дигар иншоотҳои маишию хизматрасонӣ бо маром идома доранд.

Хондан 257 times Тағйироти охирон: Сешанбе, 16 Апрел 2019 07:43

Шарикон