МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Паёми табрикии раиси ноҳияи Нуробод Дӯстзода Ҳасан Тағдир ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2019»

  • Posted on:  Шанбе, 23 Марти 2019 11:53
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

                                                                    Ҳамдиёрони азиз!

Бо арзи паёму дуруди наврӯзӣ ва як ҷаҳон орзуву таманниёти нек, фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро ба шумо, ҳамдиёрони арҷманд ва кулли мардуми тоҷику тоҷикистонӣ муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ, сулҳу ваҳдат, файзу баракат ва беҳтарин хушиҳои ҳаётро орзумандам.

Фасли баҳори нозанин бо созу навои булбулони хушсадояш, шилдирроси обҳои равону чашмаҳои мусаффояш, насими фораму накҳати гулу гиёҳҳояш фаро мерасад.

Маҳз дар ҳамин айём табиат аз хоби ноз бедор гашта, пироҳани сабзи зебои гулгуну муаттари махмалин ба бар мекунад.

Ҳамеша шукрона мекунем, ки ҷашни байналмилалии Наврӯзи хушоину дилафрӯзро дар фазои сулҳу оромӣ, осудагӣ ва Истиқлолияти комили кишвар истиқбол мегирем.

Наврӯз волотарин арзиши фарҳангӣ, рукни муҳими худшиносии миллӣ, зебоипарастӣ, василаи пайванди гузаштаю имрӯз мебошад, ки инсонҳоро ба рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек раҳнамун месозад.

Ин ҷашни файзбахшу файзрез ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, маҳз, бо кӯшишу талошҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат аз як ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ ва ниҳоят ба ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Товикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.

Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».

Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.

Ин ҷашни бузурги миллии тоҷикон, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад, аз аср ба асру аз насл ба насл маҳз, бо риояву муқаддас донистани расму оини аҷдодӣ то ба мо расидаву барои оянда ҷовидон хоҳад монд.

Дар айёми Наврӯз аз худ дур намудани кинаву адоват, бахшидани гуноҳи якдигар, кушодани оғӯши дӯстиву бародарӣ, аёдати пирону барҷомондагон, кушодани дасти хайру сахо ба ятимону ниёзмандон, бепарасторон ва гирифтани дуои неки онҳо, обод кардани деҳаву маҳалла, ҷойҳои ҷамъиятӣ, роҳу пулҳо, шинонидану сабзонидани ниҳол, оғоз бахшидан бо нияти хайр-бунёди боғҳои нав ва дигар амалҳои шоиста аз беҳтарин рисолати инсонӣ ва суннатҳои наврӯзӣ маҳсуб меёбад.

Наврӯз ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама,ба кишоварзон нерӯву илҳоми тоза ато мекунад.

Бо нақши созандаи хеш мардумро ба шудгор ва киштукори замин, пошидани донаи умед, ниҳолшинонӣ ҳидоят менамояд. Дар ин рӯзи муборак, аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам аз баъзе дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия бо шукргузорӣ ва сипосу миннатдории беинтиҳо ёдоварӣ намоям.

Тули як сол аз Наврӯз то Наврӯз бо кӯшишу заҳмати кишоварзон дар майдони 13 га боғҳои нави мевадиҳанда аз ҷумла; 4 га боғи интенсивӣ бунёд карда шуд. Дар майдони 903 га кишти хушсифати тирамоҳӣ гузаронида шуда, истеҳсоли картошка, сабзавот ва дигар мањсулоти кишоварзї ба маротиб зиёд шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 184877 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбат ба соли гузашта 13067,5 ҳазор сомонӣ ё 7,6 фоиз зиёд мебошад. Аз Наврӯз то Наврӯз як қатор корҳои муҳиму назаррас дар самти сохтмону ободонӣ низ ба сомон расиданд.

Соли сипаригардида 18 адад бинову иншоот аз тарафи вазорату кумитаҳо ва саҳми сокинону соҳибкорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинони ноҳия ва соҳибкорон мавриди истифода қарор додани 248 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст.

То имрӯз бо саъю кӯшиши сокинони бо нангу номус ва ватандӯсти ноҳия 93 адади онҳо сохтаву мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар ин рӯзи хурсандӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар ободии ноҳия саҳми арзанда гузошта истодаанд, изҳори сипосу миннатдории бепоёни хешро баён намуда, итминони комил дорам, ки раванди ободонию созандагӣ боз ҳам вусъати тоза касб менамояд ва мо ин санаи таърихиро бо дастовезҳои шоёни меҳнатӣ истиқбол мегирем.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёњӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззам дар ҳаққи ҳамаи табақаҳои ҷамъият, бахусус, занону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти аҳли ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Дар табиат ҷашн гирифтани Наврӯз ба инсон лаззати эстетикӣ (равонӣ) бахшида, ӯро ба дӯст доштан, эҳтиром гузоштан ба табиат ва ҷомеа водор месозад ва ин рӯзи нав талқин кардани дӯст, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, покӣ, софдилӣ, меҳнатдӯстӣ ва зери шиори «Зиндагиро аз нав дидан» мардумро ба ҳам овардан аст.

Бо ҳама умеду ниятҳои нек барои тамоми мардуми шарафманди ноҳия тинҷию амонӣ, сарбаландию саодатмандӣ, файзу баракат, хонаободӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзумандам.

Ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро бори дигар ба ҳамаи шумо, ҳамдиёрони гиромӣ, муборакбод мегӯям!

Ҳамеша тансиҳату хонаобод ва сарсабзу сарбаланду бошед!

Хондан 553 times

Шарикон