МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Маълумотнома оиди фаъолияти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Нуробод

  • Posted on:  Панҷшанбе, 15 Феврали 2018 23:46
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Маълумотнома

оиди фаъолияти бахши ҷавонон, варзиш

ва сайёҳии ноҳияи Нуробод

 

Самти ҷавонон

Сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳамаи давру замонҳо аз масъалаҳои муҳиму рузмарра баҳисоб меравад, зеро ҷавонон ояндаи ҳар миллату давлат буда, тарбияи дуруст, дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати онҳо кафолати ояндаи дурахшони ҳамон миллату давлат аст.

Шумораи умумии ҷавонон дар ноҳия 22900 нафарро ташкил дода, саҳми онҳо дар рушду нуму ва пешравии ноҳия бараъло ба чашм мерасад.

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар ҳамбастагӣ бо шӯъбаю бахшҳои дахлдори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкори намуда, ба хотири инкишофи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷавонон, ҳарчи бештар амали гардонидани нерӯи эҷоди ва рушди ахлоқию маънавӣ, пурмазмун намудани чорабиниҳо, садоқати бепоён нисбати халқу Ватан, омода намудани ҷавонон ба касбомузӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, ҷинояткориву қонунвайронкунӣ ва ташаккули тарзи ҳайёти солим дар байни ҷавонон як қатор чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва варзиширо ба анҷом расонид.

Мақсаду мароми бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия баробари таҷлили санаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ иҷрои бемайлони Барномаҳои соҳавӣ буда, кушиш менамояд, ки дар оянда баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, фаъолияти худро хубтару беҳтар ба роҳ монад. Ба ин хотир ҷавононро ба чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб намуда барои пешгирии ҳаргуна падидаҳои номатлуб чораҳои мушаххас андешида, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, содиқ будан ба халқу Ватан, эҳтиром ба рамзҳо хело хуб гардидааст.

 

Самти варзиш

Иштироки фаъолонаи варзишгарони ноҳия дар чорабиниҳои варзишии минтақавию ҷумҳуриявӣ ва ноил шудани онҳо ба мақомҳои ифтихории мусобиқаҳо аз рушди варзиш дар ноҳия гувоҳи медиҳад. Ҳамчунин сол то сол шароиту имкониятҳои ҷавонону наврасон нисбат ба варзиш хело хуб гардидааст.

Бояд гуфт, ки дастаи футболбозони ноҳия ягона дастаеҳаст, ки аз номи води Рашт дар мусобиқаҳои ҷумҳурияви баромад менамояд.

Қобили қайд аст, ки аз 3 то 7.07.2012 гузаронидани мусобиқаи футбол миёни дастаҳои водии Рашт ва шаҳри Роғун доир гардид, ки дастаи ноҳияи Нуробод ғолиби ҷаи аввал гардид ва ба шаҳри Сочии федератсияи Россия роҳхат гирифта дар байни 10 даста ғолиби ҷои сеюм гардиданд.

Инчунин аз 18 то 22.06.2013 гузааронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасонии солҳои таваллуди 1998 – 1999 бахшида ба хотири гиромидошти мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.М.Тер – Казарян дастаи ноҳияи Нуробод ғолиби ҷои аввал гардид.

Бояд гуфт, ки дастаи футболбозони ноҳия ягона дастаеҳаст, ки аз номи води Рашт дар мусобиқаҳои ҷумҳурияви баромад менамояд.

Қобили қайд аст, ки бо ташабуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва минтақаи Рашт аз 30 май то 5 сентябри соли ҷори гузаронидани чемпионати футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун доир гардид, ки дастаи ноҳияи Нуробод ғолиби ҷаи аввал гардид.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар асоси Фармоиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2015 №112-в мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 1998 – 2000-ум дар ноҳия рузҳои 8 – 9 сентябр дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид.

Аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ғолибон медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд.

 

Самти сайёҳӣ

Тавре маълум аст соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои даромаднок ва аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар ба некуаҳволии мардум ба ҳисоб меравад.

Иқлим ва шароити ҷуғрофии ноҳияи Нуробод барои рушди туризм ва сайру саёҳат созгор буда, дар ноҳия зиёратгоҳҳои шахсиятҳои бузург мавҷуд мебошад. Мавзеъ ва ҷойҳои тамошобобу хушманзара ба қайд гирифта шуда, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ тасмим гирифтаем, ки дар ояндаи наздик сохтмону бунёди иншоотҳои истироҳативу фароғатиро оғоз намоем. Бо ин мақсад дар саҳифаҳои нашрияи ноҳиявӣ эълонҳо бобати ҷалби соҳибкорону тоҷирон мунтазам ба табъ мерасанд.

 

Мудири бахш К. Бобиев

 

Хондан 2652 times

Шарикон