МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Соҳаи фарҳанг роҳнамои маърифат, рӯзгори маънавии мардум ва асоси ташаккули ҳаматарафаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

  • Posted on:  Панҷшанбе, 15 Феврали 2018 23:57
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Бахши фарҳанги ноҳия дорои 5 адад хонаҳои фарҳангӣ, 6 клуб, 1 театри халқӣ, 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ бо теъдоди 141 нигораҳои таърихӣ ва 21 китобхонаҳои оммавӣ бо теъдоди 64 042 нусха китоб буда, ба аҳолии ноҳия хизмат расонида истодаанд.

Дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки муассисаҳои фарҳангӣ дар тобеи онҳост, кори клубу китобхонаҳо, ороиш ва таъмин намудани онҳо бо кормандони ихтисосманд рӯ ба пешравиҳо овардааст. Дар соли 2015 гурӯҳи таблиғотии бахши фарҳанг ва шаҳрак бо фаъолияти клубҳои сайёр дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо барномаҳои рангини худ саҳнаҳои театрӣ, вохӯриву суҳбатҳо, мизҳои мудаввар, барномаҳои консертӣ 11 маротиба намоишҳо гузаронид.

Хондан 3579 times

Шарикон