МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Маориф

  • Posted on:  Панҷшанбе, 15 Феврали 2018 23:36
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод

Аввалин муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди ноҳияи Нурободи имрӯза солҳои 1927 – 1930 дар деҳаҳои Оби лурд, Самсолиқ (ҳозира Кабутиён), Лангар, Яхч, Сияҳгулак, Тегирмӣ, Хумдон ва Дегаӣ таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо асосан омӯзгорон аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва ноҳияҳои вилояти Суғди ҳозира ба маҳви бесаводӣ машғул буданд.

Ин давра муассисаҳои таълимӣ биноҳои худро надоштанд, аз ин рӯ барои таълиму тарбияи насли наврас ва гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ аз хонаҳои шахсии шаҳрвандон ва биною иншоотҳои гуногун истифода мекарданд.

Соли 1936 ноҳияи Комсомолобод ( Нурободи ҳозира ) таъсис ёфт, ки яке аз зерсохторҳои онро шуъбаи маориф ташкил медод.

Баъди таъсисёбии шуъбаи маориф ин соҳа кулан тағйир ва рушд ёфта, алакай то соли 1950 дар ноҳия 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар ҳамаи дигар маҳаллаҳои аҳолинишин муассисаҳои таълимии 7- сола ва ибтидоӣ фаъолият менамуданд.

Аввалин омӯзгорон, аз ҳисоби ҷавонони болаёқат, солҳои 30- юми асри гузашта, баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба фаъолият шуруъ намудаанд, ки номи чанде аз онҳо, ба монанди Салимов Талох, Азизов Саймуддин, Давлатов Сиёмард, Ҳисориев Абдусамад, Яхшиев Ислом, Ҷонов Қувват, Муллочаев Анвар, Холматов Саид, Бафоев Тош, Сайфуллоев Ҷангӣ, Ғафуров Ҳасан, Насибов Камол ва чанде дигарон то имрӯз вирди забони ҳамагон аст.

Яке аз аввалин муаллимони таҳҷоӣ, хатмкардаи мактаби муаллимтайёркунии (дорулфунуни ) шаҳри Тошканд Бафоев Тош, ки тамоми умри худро сарфи ин пеша карда буд, барои ташкил намудани мактабҳои аввалин, соли 1930 бо Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардон.

Хондан 16947 times

Шарикон