МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Роҳбари дастгоҳ

  • Posted on:  Сешанбе, 11 Июни 2019 12:45
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

 

Ҳисориев  Зафар Абдусамадович 

   6 июни соли 1973 дар деҳаи Яхчи деҳоти ба номи И. Ҳалимови ноҳияи Нуробод дар оилаи омӯзгор таваллуд  шудааст.

 Маълумоташ олӣ. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-омўзгори забону адабиёти     тоҷик  хатм кардааст.     Фаъолияти меҳнатиашро соли 1996 ба ҳайси омўзгори мактаби миёнаи №13-и ноҳияи   Нуробод   оғоз намудааст.

  Солҳои 2000-2004 дар Ширкати телевизиони ҷамъиятии “Пойтахт” муҳаррири барномаҳои иттилоотии “Паём” шуда      фаъолият намудааст.

 Соли 2004 ба ҳайси мутахассис дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод фаъолияти корӣ намудааст.

 Солҳои 2004-2007 дар вазифаи мудири шуъбаи оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод кор кардааст.

Солҳои 2007-2013 Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод таъин гардид.

Солхои 2013-2017 ба сифати котиби Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт фаъолият намудааст.

Солҳои 2017-2019 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ва аз 15 апрели соли 2019 то инҷониб Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Нуробод мебошад.

Дар корҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамояд.

Мушовири давлатии дараҷаи 3-юм аст. (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1319 аз 22 августи соли 2012).

Хондан 2037 times Тағйироти охирон: Панҷшанбе, 13 Июни 2019 11:06

Шарикон