МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Муовини раиси ноҳия

  • Posted on:  Чоршанбе, 16 Январи 2019 10:49
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

   

 Сироҷов Маҳмадшо Киёмуддинович

7 марти соли 1974 дар деҳаи Кабутиёни ҷамоати деҳоти Сафедчашма ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаи умумиро дар мактаби миёнаи №2-и ноҳия гирифта, соли 1993 ба факултаи механикию технологии Донишгоҳи техникии ба номи академик М. С. Осимӣ дохил шуд ва соли 1998 Донишгоҳро бо ихтисоси муҳандис- механик хатм намуддааст. Соли 2006 бошад, ба шуъбаи ғоибонаи факултаи сохтумону меъмории Донишгоҳи зикргардида дохил шуда, онро соли 2010 бо ихтисоси муҳандис - сохтмончӣ ба итмом расонидааст.

Оиладор, соҳиби 6 нафар фарзанд.

Фаъолияти меҳнатии худрро баъди хатми мактаби миёна ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи умумии №29-и ноҳия оғоз намуда, баъди хатми Донишгоҳ солҳои 1998-2004 дар мактаби миёнаи умумии №2 кор кардааст.

Сипас солҳои 2004-2006 дар вазифаи мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳия, солҳои 2006-2011 дар вазифаи муовини роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, аз моҳи май то моҳи сентябри соли 2011 дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, солҳои 2011 -2013 муҳандиси шуъбаи сохтумони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз сентябри соли 2013 то декабри соли 2013 омӯзгор ва аз декабри соли 2013 то моҳи ноябри соли 2015 муовини директори муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод» кору фаъолият намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи январи соли 2019 дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият намуда,аз моҳи январи соли 2019 бо қарори раиси ноҳия ба мансаби муовини раиси ноҳияи Нуробод таъйин гардидааст.

 

                             

Хондан 5201 times Тағйироти охирон: Панҷшанбе, 13 Июни 2019 18:26

Шарикон