МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Муовини якуми раиси ноҳия

  • Posted on:  Чоршанбе, 14 Феврали 2018 00:33
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Давлатзода Мирзоумар Кенҷа 

29 апрели соли 1966 дар ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1996 донишкадаи Соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро бо ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот” хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1996 ба сифати муҳосиби молу амвол дар деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор оғоз намуд. Баъдан солҳои 2003-2004 муҳосиб дар шуъба ҳисоббарории муассисаҳои то мактабии идораи маориф н.Фрунзе, самутахассиси шуъбаи маълумотдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ , сармуҳосиби Маркази иттилоотӣ ва рушди соҳибкорӣ, муҳосиби Маркази ҷумҳуриявии шуғли аҳолӣ. Солҳои 2004-2006 мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосиботи Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ, солҳои 2006-2007 самутахассиси шуъбаи муҳосиботи Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ, солҳои 2007-2011 мудири бахши таҳрезии дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2011-2014 сардори шуъбаи таҳрезии буҷетӣ ва назорати дохилии Раёсати таҳрезию молия Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ҳифзи иҷтимоӣи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2014-2015 сардри шуъбаи таҳрезии буҷет ва таҳлили молиявии Раёсати таҳрезию молияи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 28 апрели соли 2015 муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод таъин шудааст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод интихоб шудааст.

 

Хондан 3519 times Тағйироти охирон: Чоршанбе, 30 Майи 2018 14:48

Шарикон