МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Дустзода Ҳасан Тағдир

Раиси ноҳия

  • Posted on:  Душанбе, 12 Феврали 2018 14:51
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

 Дӯстзода Ҳасан Тағдир

2 январи соли 1974 дар деҳаи Себаки ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1996 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро бо ихтисоси “Муносибатҳои иқтисодии байналмиллалӣ” хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1997-1998 ба сифати раиси Иттифоқи касабаи соҳаи кишоварзии ноҳияи Нуробод оғоз намуд. Баъдан дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи дуюми шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Дарбанд, мутахассиси дараҷаи аввали шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Дарбанд ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Дарбанди кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2006 то 2010 раиси ҷамоати деҳоти Комсомолобод ва солҳои 2010 то 2015 ҳамчун муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод адои вазифа намудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели 2015, №473 дар мансаби раиси ноҳияи Нуробод таъин карда шуд.

Мушовири давлатии дараҷаи 2 мебошад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод интихоб шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.07.2016, №723 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Ҳамчунин, «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, бо медалҳои ҷашнии «100-солагии Матбуоти тоҷик», «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945», «70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» «20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «25-солагии ТҶММ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Барои мусоидат» ва нишони ҷашнии «80-солагии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Аъзои ҲХДТ.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Тел:корӣ (83133) 30102

 

Хондан 8722 times Тағйироти охирон: Ҷумъа, 01 Июни 2018 12:06

Шарикон