25.09.2024 / ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ
Санаи 24 сентябри соли 2024 таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Ҷобирзода Додарҷон Пулод ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар корӣ ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи корӣ аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо пурсишҳо ба амал оварда барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи ноҳия, тозаю озода нигоҳ доштани боғи фарҳангию фароғатӣ, кучаю хиёбонҳо ва саҳни идораю муассисаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас расонида шуд.
Дар баробари ин раиси ноҳия барои вусъат бахшидани маъракаи сафарбаркунӣ ва омодаги ба даъвати тирамоҳӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро вазифадор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо комисариати ҳарбии ноҳия ва сохторҳои дахлдор тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар анҷоми ҷаласа раиси ноҳия аз фаъолони ноҳия оид ба рафти иҷрои обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ пурсишҳо намуда дастур доданд, ки нисбати масъалаи мазкур ҷиддӣ муносибат намоянд.